• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ТУҲФА АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДОНИШГОҲ

 

62.jpg - 239.50 KbАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи он фарзонамардоне ҳастанд, ки барояшон мавзӯи китоб аз муҳимтарин масоили корӣ ба ҳисоб меравад. Аз аввалин рӯзҳои Президентӣ то ба имрӯз пайваста барои беҳбуди шароит ва соҳибмаърифат гардонидани мардуми кишвар кӯшидаанд.

Бо ин назардошт санаи 29-уми августи соли 2020 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-умин солгарди Истиқлоли кишвар ба Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китобҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.

Китобхонаи марказии донишгоҳ ва китобхонаҳои факултаҳои филологияи тоҷик, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир, забон ва адабиёти рус, забони хориҷӣ, забони романӣ-гермонӣ, таърих, кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва таърихи халқи тоҷик соҳиби 10-нусхагӣ китоб гардиданд, ки барои дастрасии донишҷӯён ба ин ганҷинаи маърифат ва баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии онҳо мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Пешвои миллат таъкид медоранд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад». Бо масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби тамомои қишри ҷомеа ба китобхонӣ Пешвои миллат дар паёми худ дастуру супоришҳои махсус дода, таъкид доштанд, ки дар ҳамаи идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, корхона ва марказҳои фарҳангию истироҳатӣ китобҳонаҳо таъсис дода ва мавриди истифода қарор гиранд.

 

62.jpg - 239.50 Kb 64.jpg - 321.89 Kb 65.jpg - 227.70 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj