• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

САФОРАТ БА ДОНИШГОҲ ЛУҒАТИ ПАНҶҶИЛДА ҲАДЯ НАМУД

68.png - 1.95 MbБа шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстонаи ду ҳамсоякишвар паёмадҳои неку ояндадорро ба бор овард. Аз ҷумла, тайи солҳои охир дӯстию ҳамкориҳои муштараки олимони тоҷику ӯзбек дар бахшҳои гуногун - илми табиатшиносӣ, биологӣ, кишоварзӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, саноатӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳо хеле тақвият ёфта, ки ин аз сиёсати хориҷии дарҳои кушоди ҳар ду кишвар дарак медиҳад.

Дар заминаи робитаҳои дуҷонибаи илмӣ 27-уми  августи соли 2020 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муҳтарам Нуъмонҷон Ғаффорӣ Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фаррух Азизовро ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилаи судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар тамоили худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталифи илмӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорони ҳарду кишвар ва дигар самтҳои барои ду кишвар судманд баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи донишгоҳ луғати панҷҷилдаи “Ӯзбек тилининг изоҳли луғати”-ро ҳадя намуд.

Котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳро ҷиҳати боздид аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои табодули таҷриба, китобу китобдорӣ ба Тошканд даъват намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки  До­нишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садрид­дин Айнӣ бо бисёре аз макотиби олии ин ҳамсоякишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  санади ҳамкориҳо дар самти корҳои илмӣ-таълимӣ, мубодилаи барно­маҳои таълимӣ, маводҳои таъ­лимию методӣ, таҷрибаомӯзӣ ва интиқоли донишҷӯён ҷиҳа­ти таҳсил, ки ба рушди илми донишгоҳ мусои­дат менамояд, ба имзо расонидааст.

Тӯли солҳои ахир та­ваҷҷуҳи макотиби олии педа­гогии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар донишгоҳҳои олии дунё ба донишгоҳҳои олии кишвар, махсусан ба Донишгоҳи дав­латии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба маротиб зиёд мебошад. Густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мар­казҳои илмии кишварҳои хо­риҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, доираи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷи­кистон ба номи Садриддин Айнӣ хеле густарда мебошад ва мамлакатҳои гуногуни қитъ­аҳои Осиё ва Аврупоро фаро мегирад.

Ҳамчунин ҷонибҳо таъкид карданд, ки дар шароити ҳамагири бемории сироятии каронавирус хуб мешуд, ки робитаҳои соҳавӣ ва муколамаву суҳбатҳои онлайн баргузор намоянд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj