• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ШӮРОИ ПРОФЕССОРОН ВА МАҚОМИ ҶАМЪИЯТИИ ОН

67.png - 11.64 MbТаҳти  раёсати ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ нахуст ҷаласаи Шӯрои профессорон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Низомномаи Шӯрои профессорон, ки дар асоси оинномаи муассисаи давлатии таълими ва қарори Шӯрои олмимон таҳия шудааст, мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт.

Ҷаласаро Н.Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки профессорон олимони маъруф ва фидоиёни асили донишгоҳ буда, ҳар яки онҳо дорои мактаби махсуси илмӣ дошта, барои тарбияи кадрҳои баландихтисос, иҷро намудани таҳқиқотҳои бунёдиву амалӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба пажӯҳиши корҳои илмиву фановарӣ ёрирасон мебошанд.

Мақсад аз ташкили Шӯрои профессорон, ташкили ва таъсиси ҷомеаи илмиву машваратии ҳамфикрон, ки қобилияти дар амал татбиқ намудани барномаҳоро ҷиҳати рушди илми донишгоҳ доранд, пешбини шудааст.

Самиев Бобоҷон, мушовири ректори донишгоҳ дар мавриди низомномаи Шӯрои мазкур зимни баромад иброз дошт, ки Шӯрои ппрофессорон метавонад фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф”, Ойинномаи донишгоҳӣ ва қарорҳои Шӯрои олимони муассиса роҳандозӣ намояд.

Нуров Абдулбоқӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор дар ҷаласаи мазкур суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҷаласаи мазкур саривақтӣ буда, метавонад масъалаҳои илмии донишгоҳро тариқи  машварат беҳтар созад, аммо ӯ тасвия намуд, ки беҳтар мешуд, агар  ҳайати Шӯрои олимони донишгоҳро профессорони соҳавӣ ташкил намоянд.

Ҳамзамон дар Шӯрои мазкур ректори донишгоҳ Н.Ғаффорӣ аз сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 90 солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, аз профессорони соҳибтаҷрибаву кордон даъват ба амал овард, ки дар кори мазкур бо андешаҳои наҷибу мондагори хеш баҳри беҳтару хубтар гузаронидани ин ҷашни муҳим мусоидат намоянд.

Шӯрои мазкур минбаъд дар асоси низомномаи таҳияшуда дар 3 моҳ як маротиба баргузор мегардад.

 

 

66.png - 10.20 Mb 67.png - 11.64 Mb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj