• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

«Авангард» -пешоҳангони донишгоҳ

77.jpg - 49.10 KbСанаи 10-уми сентябри соли равон дар толори бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-и донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур нахуст сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Давлатхон Назаров баромад намуда доир ба фаъолияти ҷавонони «Авангард» дар давраи маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд. Ҳамчунин дар идома гурӯҳи «Авангард»-и донишгоҳ  таъсис дода шуда, дар он омӯзгорони ҷавони то сини 30 -сола ҷалб гардиданд. Гурӯҳ дар умум, аз 100 нафар иборат буда, дар чор даста муттаҳид карда шуд, ки дар ҳар як дастаи он аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ якнафаарӣ роҳбар таъйин гардиданд. Ҳамин тариқ, роҳбарии гурӯҳҳоро Саидов Баҳодур-сармутахассиси шуъбаи умумӣ, Муҳаммад Кабутов-сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, Муҳаммад Маҳмудов- сармутахассиси раёсати таълим ва Ансорӣ Умаров- ёрдамчии сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ бар ӯҳда гирифтанд. Мақсад аз ташкил намудани ин гурӯҳ сараввал ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар раванди пеш аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, мебошад.

 

 

 

73.jpg - 60.39 Kb 74.jpg - 129.51 Kb 75.jpg - 77.19 Kb

71.jpg - 118.96 Kb76.jpg - 131.65 Kb 72.jpg - 118.36 Kb

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj