• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Комиссияи аккредитатсионӣ дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


1.JPG - 143.69 Kb5 октябри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки намояндагони комиссияи аккредитатсионӣ аз хориҷи кишвар –профессори Донишгоҳи Тарту Клаас-Ланг Бируте - раиси комиссия, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Нижегород Папуткова Галина Александровна - котиби комиссия сӯҳбат-пурсиш тариқи онлайн баргузор гардид. Дар ин мулоқот ҳамчунин ташхисгарони ватанӣ Сафаров Баҳром Гулматович - муовини ректор оид ба илми ДДМИҶТ, Асророва Зулфия Имомовна - мудири кафедраи туризми ДСРТ, Камолова Сабоҳат Ҷалоловна - директори муассисаи давлатии Маркази таълимии занон “Сарвар” ва Сулаймонзода Шуҳрат Фирдавс - сармутахассиси шуъбаи МИСТ-и  ДДМИҶТ тариқи ҳузурӣ намояндагӣ мекарданд. Ҳамзамон сармутахассиси Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Довуд Алӣ ва намояндаи EKKA Бауман Хиллар ба ҳайси нозир ширкат доштанд.

Дар аввал пурсишу посух ҷиҳати натиҷагириҳои самтҳои афзалиятноки рушд ва дурнамои ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода сурат гирифт. Намояндагон доир ба ҳамаи масъалаҳои марбут ба таълим, Консепсияи тарбияи миллӣ, мушкилоти марбут ба сатҳу сифати таълим, омоданамоии кадрҳои баландихтисоси рақобатпазири бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ (зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура, доктор PGD, номзади илм ва доктори илм), талаботи низоми таҳсилоти фосилавӣ, лабораторияҳои таълимӣ, Парки технологии донишгоҳ ва  боғи агробиолабораторӣ ба ҳамаи саволҳои хеш аз ҷониби ректори донишгоҳ ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.

Сипас, аъзои комиссияи экспертӣ бо муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдии Қосимӣ, сардори раёсати таълим Айнуллозода Наҳтулло,  муовини сардори раёсати таълим Холиқов Умедҷон, сармутахассиси шуъбаи таълим Қарабоев Бахтовар ва намояндагони зерсохторҳои дигар тариқи ҳузурӣ ва онлайн сӯҳбат намуданд. Дар машварат оид ба масъалаҳои мубрами таълим аз қабили барномаҳои таълимӣ, банақшагирии дурнамои таълим барои солҳои 2020-2025,   мониторинги сифати таҳсилот, ташкили кафедраҳои пойгоҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои кор, синфхонаҳои лингафонӣ, ташкили дарсҳои онлайнӣ, истифодаи васоити техникӣ аз он ҷумла, маркази қабули имтиҳонот дар донишгоҳ ва дигар масъалаҳои ба ин монанд гуфтушунид ба миён омад.

Бояд зикр кард, ки аъзои комиссияи аттестатсияи аккредитатсионӣ аз гуногуншаклии истифодаи саволномаҳои тестии донишгоҳ аз рӯи фарогирии матритсаи фанҳои таълимӣ, ташкили кабинети инфиродии донишҷӯ ва шакли холгузории ҳафтаинаи донишҷӯён, ки ҳосили рейтингҳои 1-ум ва 2-юм тариқи электронӣ бо он ҷамъбаст мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамаи ин пешравиро яке аз мувафаққиятҳои дигари ин донишгоҳ арзёбӣ намуданд.

Кори комиссияи ташхисии аккредитатсияи институтсионалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ то 8 октябри соли 2020 идома меёбад.

 

 

2.JPG - 170.39 Kb 3.JPG - 204.04 Kb 4.JPG - 152.07 Kb5.JPG - 175.33 Kb 6.JPG - 170.19 Kb 7.JPG - 157.82 Kb8.JPG - 185.82 Kb 9.JPG - 185.62 Kb 10.JPG - 171.25 Kb11.JPG - 235.04 Kb 12.JPG - 154.45 Kb 13.JPG - 205.22 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj