• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

«Башарро раҳнамо ҳастӣ, муаллим!»

18.JPG - 201.98 KbСанаи 3-юми октябри соли 2020 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» таҳти унвони «Башарро раҳнамо ҳастӣ, муаллим!» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессору омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст декани факултет дотсент Умаров У.С. ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи омӯзгор» табрику таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки “Вақте ба ягон кас муаллим гуфта, муроҷиат менамоем, пеши назарамон шахсе намудор мегардад, ки ӯ дигаронро меомӯзонад. Омӯзгор будан ҳамеша, ҳар соатеву ҳар лаҳзае аз хеш, аз муҳит, аз дигарон, аз кулли оламу одам огаҳ будан аст, зеро зарра-зарра барои имрӯзу фардои зиндагӣ фидо гаштан, сӯхта-сӯхта дилҳоро ба имрӯзу фардои зиндагӣ гарм кардан, омӯзгорист”!

Инчунин қайд намуд, ки заҳматҳои омӯзгор ҳамеша аз ҷониби хукумат, алалхусус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешавад ва ҳайати омӯзгорон ва кормандони факултети физика ҷавобан ба ин дастгириву қадрдониҳои Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар тайёр кардани мутахассисони варзида саҳми арзандаи худро гузоранд.

Сипас, донишҷӯён ба забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, кирѓизӣ ва туркманӣ устодонро бахшида ба иди касбиашон табрик намуданд. Баъдан, донишҷӯён дар васфи омӯзгор шеърҳо қироат карданд. Донишҷӯёни соли сеюм  Худойбердиев Атамурат ва Шерматова Моҳчеҳра бо суруди иҷрокардаашон устодони хешро табрик намуданд. Чорабинии мазкур аз дигар чорабиниҳои ин факултет  дар он буд, ки ташкилкунандагон байни устодон низ озмуни «Ҳозирҷавобон» ташкил карданд ва устодон дар он фаъолона иштирок карданд.

Дар охир садорати факултет устодони собиқадор ва донишҷӯёни фаъолро бо сипосномаву ифтихорномаҳои садорати факултет сарфароз гардонид.

 

 

 

 

19.JPG - 222.64 Kb 20.JPG - 233.36 Kb 21.JPG - 251.12 Kb22.JPG - 230.59 Kb 23.JPG - 209.58 Kb 24.JPG - 221.86 Kb25.JPG - 202.07 Kb 26.JPG - 195.73 Kb 27.JPG - 185.28 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj