• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Ҷаласаҳои онлайнӣ бо Элиз Бриттайн дар

ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

30.jpg - 49.49 KbМоҳи сентябри соли равон дар Маркази Ресурсии Англисӣ факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаҳои онлайнӣ бо Элиз Бриттайн оғоз гардиданд.

Ҳамасола дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ курсҳои такмили ихтисос бо иштироки омӯзгорони забони англисии факултети забони англисӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Ин курсҳо самаранок ва натиҷабахш буда, ҳамаи иштирокчиён соҳиби шаҳодатномаҳои сафорати ИМА мешаванд. Аз 22-юми сентябри соли 2020 Интерн Виртуалӣ ҷаласаҳои онлайнро бо 2 гурӯҳи муаллимони гуногуни забони англисӣ дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ оғоз намуд. Машғулиятҳо ҳафтае 2 маротиба дар рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе баргузор мегарданд. Маркази захираҳои забони англисӣ мулоқоти Zoom баргузор мекунад ва ҳамоҳангсоз Гулчеҳра Очилова ва ёвари ӯ Наимҷон Ғуломов пайванди Zoom-ро ба дигарон ирсол менамоянд то ки аз телефонҳои дасти худ ворид шуда, дар дарсҳои онлайнӣ битавонанд иштирок кунанд, гарчанде ки ҳамаи онҳо наметавонанд дар нишастҳо ширкат варзанд.

Elise Brittain рӯйхати мавзӯъҳоро барои 10 ҳафта омода кардааст.

Стратегияҳое, ки ба ҷаласаҳо асос ёфтаанд, аз рӯи самтҳои зерини гузаронида мешаванд:

• Ҳавасмандкунии донишҷӯён

• Истифодаи технологияи интернет, PowerPoint, омӯзиши онлайн, YouTube ва ғ.)

• Бо синфи калон сухан гуфтанро омӯхтан

• Стратегияи таълимӣ барои гап задан, шунидан, хондан ва навиштан

• Талаффуз

• Таълими синфии коммуникатсионӣ.

Фарзона Раҳмонова

 

 

28.jpg - 53.47 Kb 29.jpg - 43.37 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj