• Tajik
  • Russian
  • English
менюхо
There are no translations available.

 

ТАЪЛИМ-ИН СУТУНИ АСОСИИ ДОНИШГОҲ АСТ

6.JPG - 190.22 KbРаёсати таълим маҳаки асосӣ ё сутуни асосии донишгоҳ ба ҳисоб меравад ва мутахасиисони соҳаи таълим баҳри пешрафти масъалаҳои марбут ба таълим пайваста машварату муҳокимаҳои судмандро анҷом медиҳанд. Маврид ба зикраст, ки айни ҳол дар донишгоҳ баргузории   аккредитатсияи байналмиллалӣ бо намояндагии экспертони ватаниву хориҷӣ тариқи онлайн сурат гирифта истодааст. Раёсати таълим низ дар навбати худ бо намояндагони ватаниву хориҷӣ дар ин аккредитатсия иштирок намуд. Сипас, намояндагони раёсати таълим дар утоқи кории муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдии Қосимӣ ҷамъ омада, пиромуни масъалаҳои мубрами таълим аз қабили: сатҳу сифати таълим, омоданамоии кадрҳои баландихтисоси рақобатпазири бозори меҳнати дохиливу хориҷии зинаҳои бакалавриат,  таҳсилоти фосилавӣ,

лабораторияҳои таълимии факултетҳо, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, қабули имтиҳоноти мониторӣ, таҳлилу баррасии дарсҳои электронӣ, мониторингҳои навбатӣ, риоя талаботи барномаҳои таълимӣ машварат ва чорандешиҳо намуданд. Дар   ҷаласаи мазкур муовини сардори раёсати таълим Умедҷон Холиқов доир ба натиҷаҳои комиссияи гузариш,  интиқолу барқарор ва идомаёбии он то мӯҳлати муайянгардида, дар ҳузури ҳозирин ҳисобот дод. Сармутахассиси шуъбаи таълим номзади илмҳои педпгогӣ Бахтовар Қарабоев ҷиҳати тағйироти барномаҳои электронӣ, ки аз ҷониби масъулин дар сессияҳо гузашта сурат гирифта буд, ёдовар шуда, барои тағйироти минбаъдаи афзалиятнок низ, андешаронӣ намуд.  Сипас, н.Айнуллозода Наҳтулло-сардори раёсати таълим   дар машварат оид ба масъалаҳои мубрами таълим аз қабили барномаҳои таълимӣ, банақшагирии дурнамои таълим барои солҳои 2020-2025 андешаронӣ намуд. Дар ҷамъбаст муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдии Қосимӣ барои боз ҳам хубтару самараноктар гардидани таълим ба аҳли нишаст дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, ки бевосита ба самти   афзалиятноки таълим вобастагӣ дошт расонидаву барои иҷрои саривақтии он мӯҳлат муайян намуд.

 

 

3.JPG - 150.63 Kb 2.JPG - 148.66 Kb 1.JPG - 136.95 Kb

4.JPG - 148.67 Kb 5.JPG - 160.55 Kb 7.JPG - 210.06 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj