• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ЭЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

207.JPG - 213.56 Kb4-уми ноябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Коститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории миллӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Нахуст, мудири кафедраи ҳуқуқ н.и.т. Аламов Ҳалимҷон Неъматович конфренсияро ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Конститутсия санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ” маъруза кард. Сипас, декани факултет Ҳусейнов Аҳмадҷон ҳамаи иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи Конститутсия табрик намуда, афзуд, ки имрӯз аз қабули ин санади тақдирсоз 26 сол сипарӣ мешавад. Дар ин роҳ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои - миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд мебошад. Баъдан аз ҷониби омӯзгорони факултет доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Буризода Э.Б дар мавзӯи “Институти шӯрои давлатӣ ва рушди конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, профессор Диноршоев Азиз дар мавзӯи “Нақши конститутсия дар эъмори давлатдории тоҶикон”, дотсент Давлатов Ф.Ш дар мавзӯи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҶикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд”, ҳуқуқшиноси донишгоҳ Шарипов Ш.Ҷ дар мавзӯи "Конститутсия кафили сулҳу субот” ва асиссент Азизов С.А дар мавзӯи “Таърихи қабул ва хусусиятҳои Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз соли 1994” маърӯза намуданд.

 

 

 

205.JPG - 214.88 Kb 206.JPG - 225.77 Kb 207.JPG - 213.56 Kb

209.JPG - 152.22 Kb 208.JPG - 179.76 Kb 210.JPG - 124.06 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj