• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Донишҷӯёни соли аввал пирӯз шуданд

Бо ибтикори созмонҳои ҷамъиятии факултаи таърих ба ифтихори 20-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳуқуқшиноси ҷавон» миёни донишҷӯёни курсҳои 1-3-и ҳамин факулта озмун баргузор гардид.
Нахуст шартҳои озмун аз ҷониби устодон эълон шуданд, ки чунин буданд: пешниҳоид маърӯза доир ба Сарқонун, посух ба 20 савол вобаста ба Конститутсия тариқи

тестӣ, суолу ҷавоб ба тарзи хаттӣ ва ташреҳи бобҳои Сарқонун.

 

Дар рафти сабқат тамоми гурӯҳҳо аз худ донишу маҳорати баланд нишон доданд. Кӯшиш карданд, ки аз уҳдаи шартҳо ба хубӣ бароянд. Дар ин ҷода муваффақ ҳам гардиданд.
Хулоса, дар натиҷа донишҷӯёни соли аввал сазовори ҷои якум шуданд. Боиси тазаккур аст, ки ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯгорони ботаҷрибаю кордон ташкил ёфта буд.
Дар фарҷом дастаи ғолиб аз ҷониби садорати факултаи бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид.

 

Нурулло Салимов, донишҷӯи факултаи физика

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj