• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Ҷашни Меҳргон-ёдгоре аз ниёгон

31-уми октябри соли равон дар саҳни донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултаи биология ва донишҷӯёни факултаи мазкур бахшида ба иди Меҳргон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ иштирок варзиданд. Зимни суханронии устодон қайд карда гуфт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад, ки пайдоишу рушди такомул ва таҳоввули минбаъдааш, асосан, бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст. Рӯзи шонздаҳуми моҳи меҳрро (моҳи аввали тирамоҳ, ки аз 23 сентябр то 22 октябр рост меояд) «Рӯзи меҳр» мегуфтанд ва ин рӯзро муборак дониста ид мекарданд. Факултаи биология ҳам тӯли чанд сол мешавад, ки ин идро ҷашн мегирад.

Сипас, қисмати фарҳангии ҷамъомад оғоз ёфт, ки дар он донишҷӯёни факулта шеъру сурудхонӣ намуданд. Ҳамзамон, тақлидкорию чистонёбӣ барпо шуд. Ҳозирин бо табъи болида ва хотироти рангин саҳнаро тарк карданд.

 

Нурулло Салимов, донишҷӯ

 

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj