ИБОДУЛЛОЗОДА АҲЛИДДИН ИБОДУЛЛО
Аз июни соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ» таъйин гардид.
Соли таваллуд: 28.05.1984
Ҷои таввалуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: муаллими таърих ва ҳуқуқ
Унвони илмӣ: доктори илмҳои таърих
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ ва англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:
Барои хизматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», дар соҳаи фарҳанг бо нишони
«Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо ҷоизаи
ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 қадрдонӣ гардидааст.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Собиқаи корӣ:
Солҳои 2002-2007
|
Донишҷўи шуъбаи рўзонаи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|
Солҳои 2007-2009
|
Ассистенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|
Солҳои 2009-2012
|
Аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|
Солҳои 2012-2014
|
Муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
|
Солҳои 2014 -2016
|
Мутахассиси раёсати илм ва навоварии техникӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
|
Аз 4 январ то 16- ноябри соли 2016
|
Муовини директории Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
|
Солҳои 2016-2018
|
Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2019-2021
|
Сармутахассис ва мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Солҳои 2021-2022
|
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Аз июни соли 2022
|
Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ»
|
|