• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД

70.JPG - 215.50 KbСанаи 5-уми феврали соли равон бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили Ҳофизхонӣ таҳти унвони “Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод” баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро муовини декан оид ба корҳои таълим Умедҷони Лоиқшо оғоз бахшида,  ҳамаи ҳозиринро хушомадед гуфт. Сипас, д.и.ф., профессор Элбоев Вафо ва н.и.ф. Саидолим Комилҷон бо маърӯзаи пурмуҳтаво андар шинохти Ҳофизи Шеърозӣ баромад намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки ба омӯзиши рӯзгори шоир ва шеърҳои дилошуби ӯ  саъю талош варзанд.

Дар ҷамъбати чорабинӣ барои болидарӯҳии ҳозирин аз ҷониби як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд, қироати шеър ва саҳнаи тарбиявӣ пешкаш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар баргузории чорабинӣ саҳми муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Валиев Ҷамшед зиёд буда, барномаи омодашуда писанди ҳамагон гардид.

 

 

67.JPG - 127.10 Kb 68.JPG - 224.17 Kb 70.JPG - 215.50 Kb 69.JPG - 202.67 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj