• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ПАЁМ НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

85.JPG - 168.39 Kb

Санаи 8 феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мизи мудаввар баргузор шуд. Нахуст, ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, Паёми Президенти мамлакатро оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеаи кунунӣ донист. Мавсуф зикр намуд, ки Паём фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Раҷабмоҳ Қосимова дар мавзӯи “Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа” баромад намуда, нуктаҳои асосии ин дастурамали мукаммали рушду ободонии кишварро зикр намуд. Дар идома раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Душанбе Абдуҳамид Назаров аз Паёми навбатии Пешвои миллат ҳарф зада, ҳамзамон аз шуҷоату далерии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ва корнамоиҳои онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдовар шуд. Ҳамчунин раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ профессор Умринисо Казакова, профессор Бибиҳафиза Маҷидова, раиси Иттифоќи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Маҳмадалӣ Бӯриев ва дигарон дар атрофи Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд. Дар ҷамъбаст, фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ дар партави Паёми Президенти кишвар қаноатманд дониста шуд.

 

 

 

 

 

75.JPG - 228.53 Kb 76.JPG - 177.05 Kb 77.JPG - 233.66 Kb 78.JPG - 184.84 Kb

79.JPG - 210.54 Kb 80.JPG - 224.21 Kb 81.JPG - 221.78 Kb 82.JPG - 211.25 Kb

83.JPG - 217.44 Kb 84.JPG - 158.91 Kb 86.JPG - 209.90 Kb 87.JPG - 183.85 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj