• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ДАСТИ ДУОИ МОДАР

54.JPG - 223.41 KbСанаи 6-уми март бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модарон таҳти унвони “Дасти дуои модар” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳамаи донишҷӯдухтарон ва бонувонро табрику муборакбод намуда, ба барнома ҳусни оғоз бахшид. Сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни факултет, ки аз қироати шеъру суруд, рақсу саҳнаҳои тарбиявӣ ва “Аллаи модар” иборат буд, бо як маҳорати баланди хоса, пешкаши тамошобинон гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки бо чунин ташаббус мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики ҳамин факултет  Абдураҳмонов Маъдӣ дарси кушоди тарбиявиеро низ бо иштироки аҳли ин чорабинӣ баргузор намуд, ки он ҳам хеле ҷаззобу хотирмон буд.

 

 

 

 

50.JPG - 182.39 Kb 51.JPG - 233.56 Kb 52.JPG - 214.21 Kb

53.JPG - 185.26 Kb 54.JPG - 223.41 Kb 55.JPG - 221.69 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj