There are no translations available.
ОҒОЗИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР ДОНИШГОҲ Санаи 05.04.2021 дар факултети географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оғоз гардид. Озмуни мазкур дар як фазои озод баргузор гардида, он таҳти назорати олимони варзидаи соҳаи география Қаландаров А., Самиев А., Рауфов Р., Раҳимов М., Табаруков М., Сабуриён М. ва Азизов Н. сурат гирифт. Дар озмун донишҷӯён ва магистрони факултети география ва дигар хоҳишмандони факултетҳои донишгоҳ ширкат намуданд. Озмуни мазкур барои дарёфти чеҳараҳои намоён дар соҳаи география ва шинохти онҳо дар ҷомеа ва пешрафти илм мусоидат менамояд.
|