менюхо |
ТАВСИФИ ЛОИҲА
Номи лоиҳаи грантӣ: Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ - ҳамчун ангезиши дохилшавӣ ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон.
Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа: Мақсади асосии лоиҳа: Баланд бардоштани ҳавасмандии духтарони манотиқи кӯҳӣ барои зистан дар хобгоҳи ДДОТ бо роҳи беҳтар гардонидани шароити зист ва рушди иқтидори онҳо.
Вазифаҳо/ҳадафҳои мушаххаси лоиҳа: 1. Ташаккули механизми пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқиву психологӣ ба духтароне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд; 2. Фароҳам овардани шароити зисти мусоиди духтарон дар хобгоҳи ДДОТ; 3. Рушди маҳоратҳои забонӣ ва технологияи компютерӣ барои пояи фаъолияти ояндаи касбӣ.
Муҳлати татбиқи лоиҳа: 12 моҳ Оғози лоиҳа: аз 25 сентябри соли 2019 Анҷоми лоиҳа: то 30 сентябри соли 2020 Тамдид: то 30 ноябри соли 2020 (дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №01/3-372 аз 25.08.2020)
Гурӯҳи мақсаднок / баҳрабардорандагон: - 400 донишҷӯдухтарони хобгоҳҳои №2, №3 и №7-и Донишгоҳ; - 12 нафар кормандони хобгоҳҳо; - кумитаи ҷавонони Донишгоҳ; - шӯрои бонувони Донишгоҳ; - шуъбаи тарбияи Донишгоҳ.
Қисматҳои лоиҳа/самтҳои асосии фаъолият: Лоиҳа аз се компонент ибрат мебошад: Компоненти 1. Расонидани машварати ҳуқуқӣ ва психологӣ дар хобгоҳ барои донишҷӯдухтарони Донишгоҳ. Мақсади компонент ин таҳия намудани механизми пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ ба духтарони дар хобгоҳҳои Донишгоҳ зиндагидошта мебошад. Компоненти мазкур амалҳои зеринро дар бар мегирад: (1) гузарондани таҳқиқот оид ба муайян кардани талабот ва мушкилоти духтарони дар хобгоҳ зиндагикунанда; (2) ташкил ва гузаронидани тренингҳо оид ба расондани хизматҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ ва (3) тартиб додани маълумотнома оид ба “Машваратҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ”. Компоненти 2. Ташкил ва беҳтар намудани шароити зинадагӣ дар хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон. Мақсади компонент ин ташкил намудани шароити зист дар хобгоҳ барои дониҳҷӯдухтарон аст, ки тавассути амалҳои зерин амалӣ мешавад: (1) ташкили Маркази интилоотию захиравӣ; (2) хонаи машваратӣ; (3) ошхона ҷамъиятӣ дар хобгоҳ барои дониҷӯдухтарон. Компоненти 3. Рушди маҳоратҳои забондонӣ ва технологияи компютерӣ барои донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ иқоматдошта. Компоненти мазкур амалҳои зеринро дар бар мегирад: (1) ташкили курсҳои омӯзишӣ забонҳои русӣ ва англисӣ ва (2) ташкили курсҳои технологияҳои компютерӣ барои дониҷӯдухтарони курсҳои болоӣ.
Натиҷаҳои миёнамӯҳлат: Натиҷаҳои зерин ба даст оварда мешавад: 330 донишҷӯдухтарони хобгоҳи №2-и ДДОТ ва 10 корманди хобгоҳ кӯмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ гирифт; 100 адад маълумотномаи «Машваратҳои ҳуқуқӣ ва психологӣ» интишор ва паҳн карда шуд; ошхона ва дигар утоқҳои хобгоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд; Маркази иттилотию захиравӣ ва хонаи истироҳати духтарон ташкил ва муҷаҳҳаз гардонида шуд; 300 нафар духтарон ба забонҳои англисӣ ва русӣ, технологияи компютерӣ дарс гирифтанд ва соҳиби шаҳодатномаи махсус гардиданд ва бештар аз 300 духтарон аз шароити беҳтар дар хобгоҳ баҳра бурданд ва онҳо барои рушди шахсии худ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда шуд. Натиҷаҳои ниҳоӣ: Натиҷаи асосии лоиҳа ин баланд бардоштани имкониятҳои ҷиҳати ба ҷои кор таъминшавии зиёда аз 300 донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ зиндагикарда, тавассути фароҳам овардани шароит барои рушд шахсият ва омӯзиши малакаҳои иловагӣ мебошад.
Шарикон: Нест
Барои маълумоти бештар: Пешниҳоди пурраи БГО (равзанаи 2).pdf Рӯйхати Гурӯҳи идоракунии грантӣ (равзанаи 2) .pdf
Пешниҳоди арзу шикоятҳо Дар ҳолати пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур, Шумо метавонед ба раёсати донишгоҳ тариқи почтаи электронии Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript , телефони (+992) 37 224-13-83 ва/ё тавассути “Қуттии арзу шикоятҳо”, ки дар бинои асосии Донишгоҳ бо суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121 воқеъ аст, муроҷиат намоед. Арзу шикоятҳо дар давоми 48 соат баррасӣ гардида, дар ҳолати нишон додани суроғаи электронӣ ва ё рақами телефон, арзкунанда аз натиҷаи баррасии арзу шикоятҳо хабардор хоҳад шуд.
|