• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ЗАҲМАТИ АНГУШТИ АЙНӢ ПУШТИБОНИ МО ШУДАСТ...

3.JPG - 268.29 KbСубҳи имрӯз ба муносибати 143-юмин солгарди адабиётшинос, муҳаққиқ, шоир, нависанда, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ректори донишгоҳ  д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода дар пояи муҷассамаи ин абармарди таърихӣ воқеъ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи С.Айнӣ гулчанбар гузошта шуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ин чорабинӣ муовинони ректор: оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор А. Мирзораҳимов оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х, Ҷ.Мусоҷонзода оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п., дотсент А.Байдуллоев, инчунин декани факултети филологияи тоҷик д.и.ф., профессор Р.Восиева, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ин факултет д.и.ф., профессор Ш.Солеҳов, омӯзгорони ҳамин кафедра профессор Саидов Саидраҳмон, н.и.ф, дотсент Қ. Маҷидов ва дигар устодону кормандону донишҷӯён иштирок доштанд.

Пас аз гулчанбаргузорӣ ва зиёрати хоки устод Садриддин Айнӣ дар пояи муҷассамаи ӯ базми ёддоштии қироати  шеъру сухани воло, ки эҷоди он ба қалами ин марди хирадмерос мутааллиқ буд,  барпо гардид. Кушодашавии ин қисми чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ сурат гирифта, сипас донишҷӯён аз чандин намунаи ашъори ӯ қироат намуданд , ки хеле ҷолибу диданӣ ва шуниданӣ буд.

Сипас дар пояи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ, ки дар саҳни донишгоҳ воқеъ аст, бо иштироки меҳмонон аз АМИТ,  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳайати раёсати донишгоҳ гулчанбар гузошта шуд.

 

 

1.JPG - 239.51 Kb 2.JPG - 281.23 Kb 3.JPG - 268.29 Kb

4.JPG - 313.18 Kb 6.JPG - 302.12 Kb 7.JPG - 345.27 Kb 8.JPG - 326.98 Kb 9.JPG - 305.62 Kb 10.JPG - 309.63 Kb 11.JPG - 298.44 Kb 12.JPG - 334.17 Kb 13.JPG - 235.54 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj