• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Баргузории ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба “Рӯзи пойтахт”

1.JPG - 282.14 KbҲамасола шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар ҷумҳурӣ “Рӯзи пойтахт” дар як фазои идона таҷлил мегардад. Бинобар ин, имрӯз, 17-уми апрели соли 2021 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ниммарафони 11-уми байналмилалӣ баргузор гардид. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ суханрони намуда, табрикоти раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни ниммарафон расонид. Сипас чун анънаи қаблӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, ниммарафони ХI-уми байналмилалӣ расман оғоз гардид. Дар ниммарафони мазкур варзишгарони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд, ки ин аз чорабиниҳои солҳои пешин ба маротиб фарқкунанда буд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ғаффорӣ Н.У., ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд. Ниммарафони мазкур масофаи 21 километрро дар бар гирифта, аз назди МД “Наврӯзгоҳ” – и пойтахт шуруъ гардида, дар майдони “Дӯстӣ”  ба итмом расид.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти он:

1.JPG - 282.14 Kb 2.JPG - 270.47 Kb 3.JPG - 275.10 Kb 4.JPG - 324.93 Kb

5.JPG - 213.78 Kb 6.JPG - 245.32 Kb 7.JPG - 233.94 Kb 8.JPG - 197.73 Kb

9.JPG - 240.32 Kb 10.JPG - 229.15 Kb 11.JPG - 258.73 Kb 12.JPG - 269.73 Kb

13.JPG - 239.06 Kb 14.JPG - 222.90 Kb 15.JPG - 308.49 Kb 16.JPG - 242.69 Kb

17.JPG - 264.89 Kb 18.JPG - 267.68 Kb 19.JPG - 282.69 Kb 20.JPG - 290.77 Kb

21.JPG - 322.56 Kb 22.JPG - 316.23 Kb 23.JPG - 327.09 Kb 24.JPG - 292.80 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj