• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ “ҲАФТАИ ИЛМ” ДАР ДОНИШГОҲ

8.JPG - 181.17 KbШурӯъ аз 15.04.2021 пас аз гулчамбар гузоштан дар назди муҷассамаи аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ), Қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 – солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва  “Ҳафтаи илм”, ки ҳамасола дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешавад, конференсияҳои илмӣ-амалӣ нахуст дар толори бинои асосии донишгоҳ оғоз гардид, ки идомаи он дар бахшҳо дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ то санаи 22.04.2021 ҷараён мегирад. Марид ба ёдоварист, ки дар конференсияҳои илмӣ-амалии устодону донишҷӯёни донишгоҳ тибқи ҷадвали муқараршуда, зиёда аз 1686 маърӯза пешниҳод карда шудааст, ки аз ин 757 маърӯзаи устодон ва 929 маърӯзаи донишҷӯён мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳамин давра кормандони донишгоҳ сардори раёсати илм ва инноватсия, н.и.с., дотсент Ҳакимов Раҷаб ва ҳамзамон, н.и.с.  Саодат Ахиева барои фаъолияти пурсамару содиқона намудан дар роҳи илм ва саҳм гузоштан дар чунин конференсияҳои донишгоҳӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар бо “Сипоснома” қадрдонӣ шуданд.

 

 

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

1.JPG - 197.36 Kb 2.JPG - 189.91 Kb 3.JPG - 210.35 Kb

4.JPG - 234.50 Kb 5.JPG - 113.05 Kb 6.JPG - 136.25 Kb

7.JPG - 123.36 Kb 8.JPG - 181.17 Kb 9.JPG - 188.40 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj