• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ

ФЕСТИВАЛҲОИ “САД РАНГИ ЧАКАН” -У “ҶИЛВАИ РАНГҲО”

3.jpg - 117.40 KbСубҳи имрӯз дар Боғи Ирам даври ноҳиявии фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ва “Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид. Дар ин фестивал-озмун раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид, намояндагони шуъбаҳои маориф, фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, занон, ҷавонон ва варзиши ноҳия, намояндагони муассисаҳои миёна ва олии касбии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва хонандагону донишҷӯён ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки дар ин фестивал-озмун омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Барои иштироки фаъолона дар даври ноҳиявии фестивал-озмунҳо арҷгузорӣ ба фарҳанги либоспӯшӣ, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар таҳияи либосҳои милливу муосир, инчунин дастгирии фаъолияти ҳунармандон ба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Сипоснома”-и Кумитаи тадорукот супорида шуд. Ҳамчунин муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ва 3 нафар бонувон-кормандони фаъоли донишгоҳ бо “Сипоснома”-и МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур:

 

1.jpg - 117.16 Kb 2.jpg - 124.19 Kb 3.jpg - 117.40 Kb 4.jpg - 115.13 Kb

5.jpg - 125.61 Kb 6.jpg - 112.28 Kb 7.jpg - 114.40 Kb 8.jpg - 116.67 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj