• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА ВА АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК ДАР АСРИ XX

8.JPG - 158.22 KbРӯзи 18-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Холиқ Мирзозода ва масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва 110-солагии донишманди мумтози тоҷик мунаққид ва адабиётшинос, олим, узви Иттифоқи нависандагони СССР, аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, омӯзгори хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Холиқ Мирзозода баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки барои гиромидошти хотираи неки ин марди хирадпеша ва иштирок дар чорабинии мазкур  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд, ҳангоми вуруд ба ин боргоҳи маънӣ, вазири муҳтарам бо гурӯҳи хатмкунандагон суҳбат ороставу чанд акси хотиравӣ низ гирифтанд. Сипас дар ҳошияи суҳбати хеш, ба хатмкунандагони донишгоҳ барои фаъолияти минбаъдаи омӯзгорияшон, ки масъулияти басо гарону сангин мебошад, барору комёбӣ орзу намуданд. Баъдан конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода  оғоз гардид. Маърӯзаи аввал аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ шунида шуд. Инчунин дар конференсия меҳмонон, аз қабили академик Носирҷон Салимӣ, д.и.ф., профессор Матлубаи Мирзоюнус, д.и.ф., профессор Қурбон Восеъ, н.и.ф., дотсент Раҷабалӣ Худоёрзода, д.и.ф., профессор Муртазо Зайниддинов, д.и.ф., профессор Бадриддин Мақсудов ва дигар меҳмонон, аъзои раёсати донишгоҳ ва устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок доштанд. Боиси хушнудӣ ва сарафрозист, ки пеш аз оғози конференсия ба ифтихори 110-солагии ин донишманд, дар ошёнаи дуюми факултети филологияи тоҷик бо роҳбарии ректори донишгоҳ ва иштироки меҳмонону донишмандон, шогирдон ва пайвандони ӯ синфхонае, ки  ба унвони профессор Холиқ Мирзозода бахшида шуда буд, бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби академик Носирҷон Салимӣ ва профессор Қурбон Восеъ ифтитоҳ гардид. Маврид ба ёдоварист, ки марҳум Холиқ Мирзозода пас аз хатми Университети давлатии шаҳри Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ фаъолияти худро ба сифати омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогӣ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз намуда, солиёни зиёд ба таълиму тарбия машғул шуда, дар омода намудани кадрҳои баландихстисоси соҳаи омӯзгорӣ саҳми босазо гузоштааст, инчунин муддати тӯлонӣ вазифаи мудири кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин факултетро низ ба уҳда доштааст. Дар идома аз ҷониби донишмандон - академик Носирҷон Салимӣ дар мавзӯи “Баррасии масоили наср дар “Таърихи адабиёти тоҷик”-и Холиқ Мирзозода”, д.и.ф., профессор Матлубаи Мирзоюнус дар мавзӯи “Холиқ Мирзозода ва баҳсҳо дар шинохти Сиддиқии Аҷзӣ”, д.и.ф., профессор Аъзам Худойдодов дар мавзӯи “Нақши Холиқ Мирзозода дар адабиётшиносии тоҷики асри ХХ” ва дигарон маърӯзаҳои ҷолиб шунида шуд, ки нишастагон аз он  як ҷаҳон таассуроти неку хотирмон бардоштанд. Бояд зикр намуд, ки кори бахшҳои конференсия имрӯз ва пагоҳ (19.05.2021) дар факултети филологияи тоҷик идома меёбад.

 

 

 

 

 

Суратгузориш аз рафти конференсия:

1.JPG - 184.00 Kb 2.JPG - 217.42 Kb 3.JPG - 212.73 Kb 4.JPG - 322.85 Kb

5.JPG - 261.10 Kb 6.JPG - 289.58 Kb 7.JPG - 219.20 Kb 8.JPG - 158.22 Kb

9.JPG - 204.43 Kb 10.JPG - 161.77 Kb 11.JPG - 116.00 Kb 12.JPG - 145.42 Kb

13.JPG - 117.00 Kb 14.JPG - 122.58 Kb 15.JPG - 240.84 Kb 16.JPG - 126.46 Kb

17.JPG - 236.51 Kb 18.JPG - 244.17 Kb 19.JPG - 109.22 Kb 20.JPG - 185.10 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj