• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ДОНИШҶӮЁНИ МО АЗ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДИДАН КАРДАНД

1.jpg - 221.59 Kb

27-28 июни соли 2021 дар “Маҷмааи варзиши обӣ”–и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид. Дар мусобиқаи варзишии мазкур варзишгарон аз Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Президенти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Дар маросими ҷамъбастии ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси тамошобин гурӯҳи ҷавонони “Авангард”–и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳайати 60 нафар таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода низ иштирок доштанд. Ҳамчунин гурӯҳи ҷавонони “Авангард”–и донишгоҳ пас аз анҷоми мусобиқа аз толорҳо ва биноҳои муҳташами ин маҷмааи муосири варзишӣ, ки ба зебоии пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст, дидан намудаву чанд акси хотиравӣ низ гирифтанд.

 

 

 

 

 

Суратгузориш:

1.jpg - 221.59 Kb 2.jpg - 191.79 Kb 3.jpg - 213.28 Kb 4.jpg - 170.35 Kb 5.jpg - 194.65 Kb 6.jpg - 85.36 Kb 7.jpg - 184.99 Kb 8.jpg - 190.62 Kb 9.jpg - 92.64 Kb 10.jpg - 198.35 Kb 11.jpg - 155.93 Kb 12.jpg - 179.10 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj