There are no translations available.
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор
ОМӮЗГОР - ШАХСИЯТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Табиист, ки ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷомеа, хусусан дар низоми таҳсилот ба вуқуъ мепайванданд ва ҳар инқилобҳои илмие, ки рух медиҳанд ба рӯҳия ва маҳорати омӯзгор, хусусан омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пардохта, вобаста ба равияи худ ба дастовардҳои илмӣ муваффақ мегардад, бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, вазъи кунунии соҳаи маориф таҳияи сохтори нави тайёрии махсуси психологӣ ва педагогиро ҳам барои омӯзгорони ояндаи донишгоҳҳо ва ҳам барои омӯзгороне, ки ба фаъолият машғул мебошанд, тақозо мекунад. Аммо ворид шудан ба фазои нави таҳсилот, татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми анъанавии тарбияи муаллимони ояндаро нокомил гардонида, афзалиятнокиашро аз даст дод. Аз ин ҷиҳат, имрӯз ба шахсияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан, бесабаб нест, чунки «шахсият тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд». Муфассал
Самиев Б.Ҷ., Ойматов Б. - омӯзгорони ДДОТ ба номи С.Айнӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бердиев Ш., Давлатов Р. омӯзгорони кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ГУСТАРИШИ ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Дар ҷаҳони кунунӣ, хусусан дар асри навин, ки дорои сиёсатҳои ноустувор ва тағирёбанда буда ва аз ҷониби дигар глобализим, яъне ҷаҳоншумули фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти башарист,огоҳӣ доштан аз технологияи иттилоотии муосир ва азхуд кардани он барои ҳар як миллат ва кишваре тақозои зарурии вақт аст. Дастовардҳои техникие, ки имрӯз дар дунё ба чашм мерасанд натиҷаи қадршиносиҳои вақтанд. Бузургтарин сармояи инсон вақт аст. Кишварҳои пешрафта аз воқеияти ин ҳақиқат ҳанӯз барвақт воқиф шуда, онро самаранок истифода бурданду ҳоло ҳам бурда истодаанд. Инсоният дар марҳилае қарор дорад, ки бояд таърихи башариятро на ба итмом расонад, балки онро идома бахшад. Муфассал
Самиев Б.Ҷ.- профессори кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ Қурбонов У. – ассистенти кафедраи фалсафаи фарҳанг Бкрдиёрова Г. – унвонҷӯи кафедраи фалсафа
МАКТАБИ ТАҲАММУЛГАРОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪМИНГАРИ ПРИНСИПҲОИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Ғаффорӣ Н. - Ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН ВА ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Қудратзода К.А. н.и.т., дотсент, муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТ ДАР ТАШАККУЛ, ШИНОХТ ВА РУШДИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ
Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихору ва эҳсоси ватанпарастӣ аст ба вуҷуд оварда шудаанд. Муфассал |