• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Бердиев Ш., Давлатов Р.

омӯзгорони кафедраи фалсафаи

ДДОТ ба номи С.Айнӣ

НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТИИ МУОСИР ДАР ТАҲКИМИ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ, ГУСТАРИШИ ВАҲДАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

 

30.jpg - 104.46 KbТаъсиррасонии ҷаҳонишавӣ ҳамчун падидаи нави муосири байналмиллалӣ чӣ аз лиҳози иқтисодӣ, фарҳангӣ, технологияи муосир, сиёсӣ, ҳуқуқи, низомӣ, иҷтимоӣ, ошкоро ба чашм хурда ва аз ин рӯ, ҷаҳонӣ шудани он як амри заруриро мемонад.

Дар ҷаҳони кунунӣ, хусусан дар асри навин, ки дорои сиёсатҳои ноустувор ва тағирёбанда буда ва аз ҷониби дигар глобализим, яъне ҷаҳоншумули фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёти башарист,огоҳӣ доштан аз технологияи иттилоотии муосир ва азхуд кардани он барои ҳар як миллат ва кишваре тақозои зарурии вақт аст. Дастовардҳои техникие, ки имрӯз дар дунё ба чашм мерасанд натиҷаи қадршиносиҳои вақтанд. Бузургтарин сармояи инсон вақт аст. Кишварҳои пешрафта аз воқеияти ин ҳақиқат ҳанӯз барвақт воқиф шуда, онро самаранок истифода бурданду ҳоло ҳам бурда истодаанд. Инсоният дар марҳилае қарор дорад, ки бояд таърихи башариятро на ба итмом расонад, балки онро идома бахшад.

Вале мутаасифона раванди таҳдиди нави ҷаҳонӣ муосир ва кӯшиши ба сайёра бахшидани «тарҳи нав», ки аз ҷониби як гурӯҳ кишварҳои Ғарб аз тариқи раванди ҷаҳонишумулият сурат мегирад, ба мақсади ба роҳ андохтани тартиботи нави ҷаҳонӣ мебошад, ки он на танҳо ба фарҳанг, ҷуғрофия, забон, таърих ва иқтисоди кишварҳои рӯ ба инкишоф таъсири манфӣ мерасонад, балки будан ва набудан ва ё мавҷудияти ин кишварҳоро зери хатари ҷиддие қарор додаанд.

Дар раванди пуршитоби тавсеаи ҷаҳонӣ, фановарии иртиботӣ бо суръати ғайри қобили тавваҷӯх пеш рафта истода чеҳраи ҷаҳонро дигаргун сохтааст. Густариши низоми навини иттилоотӣ дар навбати худ тағиротҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро ба дунбол доранд. Тавассути онҳо фарҳангҳо ба ҳамдигар таъсир мерасонанд ва боиси пайдошавии намунаҳои якхелаи рафтори иҷтимоӣ ва арзишҳои сиёсию фарҳангӣ мешаванд. Кишварҳое, ки бештар ин абзорҳои навини иттилотиро дар ихтиёр доранд аз онҳо сифати механизими таъсири сиёсӣ ба кишвари дигар истифода карда мешавад. Таҳлили инкишофи таърихии фарҳангҳо нишон медиҳад, ки тағиротҳои бар асари абзорҳои муосири иттилоотӣ дар он ба амал омада аз дигаргуниҳои пешин куллан фарқ мекунанд. Тағйиротҳои имрӯз дар заминаи абзорҳои ҷадиди иттилоотӣ суратгиранда чеҳраи фарҳангро якранг месозад, ки одатан ба мафҳуми «култгароии фарҳангӣ» ишора мешавад. Таҳлили раванд нишонгари ба вучуд омадани худфарҳангҳо бар асари иртибот миёни ду ё якчанд фарҳанги бегона аз якдигар ва аҳёнан таҳлили фарҳангии тоза ба камбудии як ҷомеаи суннатӣ аст. Имрӯз тағйиру таҳаввули фарҳангҳо ва густариши он сабаби эҷоди робитаи бисёр танготанг миёни ақвом, давлатҳо ва дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар заминаи иртиботӣ фарҳангию иттилоот шудааст. Чигунагии равобит, мизони он ва таъсири мутақобили эҷодшуда, бастагӣ ба технологияи иртиботӣ, ҳадафҳо ва хостаҳои соҳибони онҳоро доранд. Дар гузашта абзори интиқоли фарҳанг ва кушишҳои иҷтимоӣ танҳо тариқи иртиботи рӯ ба рӯии фард бо фард, фард бо ҷомеа, ё ҷомеа бо фард имкон дошт. Вале имрӯз мо шоҳиди онем, ки афроди ҷомеаҳо бо фосилаҳои зиёде, ки шояд ҳаргиз муваффақ ба дидори якдигар аз наздикӣ ба таври мустақим нашаванд. Асосан падидаоварандагони ин амр расонаҳои иртиботии мавҷуд бахусус моҳвораҳо мебошанд. Ҳамин тавр низоми навин ва паё пай густаришёбандаи технологияи иртиботӣ ба унвони обзори коромад дар хизмати ҷаҳонишавии фарҳангҳо қарор гирифтааст.

Бо таваҷҷуҳ бо матлаби гуфташуда, ки иборат аз таъсири иртиботи техники дар ҷаҳонишавии фарҳангҳо тавассути абзорҳои навини иттилоотӣ муосир аст, имрӯз Тоҷикистон дар ҳолате қарор дорад, ки бояд рисолати таърихии худро дар роҳи ҳифз ва нигоҳдории фарҳанги ғании худ иҷро намояд. Моҳияту хусусияти миллати тоҷик ҳамчун миллати қадима ва бофарҳанг аз он иборат аст, ки вай дорои таъриху фарҳанги бойю ғанӣ Буда, дар чаҳорсӯи тамаддунҳои мухталиф қарор гирифтааст ва ҳамчун ҳалқаи пайвандгар хидмат менамояд.

Бинобар пешрафтҳои технологияи иттилоотии муосир дар солҳои охир дар соҳаҳои саноати электронӣ ва васлшавӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет аз як сӯ, роҳро барои иртибот ва пешрафти иттилоърасонӣ ҳамвор сохта бошад, ҳам аз сӯи дигар суду зиёнҳои молию фарҳангиро афзоиш дода сатҳи ҳуввияти миллиро коста намуда, заминаҳоро барои қабули фарҳангу асолати бегонагонро дар дохили ҷумҳурӣ муҳаё сохтааст. Кишварҳои саноатии абарқудрат бинобар пайдо шудани шароитҳои мусоиди баҳрабардории молию иқтисодӣ, монанди бозорҳои арзон, истеҳсолот ва меҳнати кирояи арзон ин равандро оҳиста- оҳиста тай намуда, бо барқарор кардани марзҳои сунъӣ ва дарёфти муҷавизҳои суднок аз тарафи ҳукуматҳои ноуҳдабаро ҳуввияти миллӣ ва асолати миллии хешро зери суол қарор хоҳанд дод.

Муссалам аст ин ҷомеаи муосири мо даҳшати ҷанги ҳамватаниро аз сар гузаронидааст, ки ин омил низ ба сатҳ ва ҳолати маънавию фарҳангии ҷомеа бетаъсир набуда, то як давраи муайян осори он дар руҳия, кирдору рафтор ва маънавиёти мардум боқӣ хоҳанд монд.Дар раванди пуртуғёни ҷаҳонишавӣ барои он, ки миллат ҳам дар дохил ва ҳам дар арсаи байналмиллалӣ дуруст муариффӣ карда ва мувафақкиятҳо ба даст оварад, то ки суббот дар ҷомеа барқарор бимонад, пеш аз ҳама тақвият додани ҳувияти миллӣ ва дар ин асос муайян намудани ғояи миллӣ ва рушди он зарур аст. Бахусус Васоити ахбори омма метавонад дар ин ҷода саҳми беандоза ва мондагории худро ба ҷо оварад. Зеро расонаҳои иттилоотии бонуфузе, ки имрӯз дар сар то сари ҷаҳон мустақимиан пахш мегарданд бо иттилоотҳои бештар бедалел фазои иттилоотии баъзе кишварҳо қафомондаро заиф гардонида, он матолиберо пахш менамоянд, ки зуҳуроти бегонапарастиро дар пайомад доранд. Тарғиби нобаробари як қатор арзишҳо нисбати дигар арзишҳои миллӣ тавассути ВАО ва дигар воситаҳо имрӯз бештар ба назар мерасанд.

Бо кушода шудани уфуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҶТ вориди саҳнаи нави рақобатҳои сиёсии ҷаҳон шуд, ки он то ҳоло идома дорад.Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ Саъдуллоев И. « Бо назар дошти он , ки Осиёи Марказӣ, дар бархурди се абарқудратҳои шаклгирифтаи саноатӣ- Амрико , Русия ва Хитой қарор гирифтааст Тоҷикистонро зарур аст, ки сиёсатҳои миллии худ; ҳуввияти миллӣ, забон, урфу одат, мазҳаб ва боло бурдани нақши идеяи миллати худро таъмин намояд.»1 Дар ҳоли ҳозир ин раванд хеле мушкил буда, падидаи нави ҷаҳони муосир, монанди равандҳои ҷаҳоншумулӣ(глобализатсия), гуфтугуи тамаддунҳо ва тақсимоти нави ҷаҳондорӣ монеъи босуръати татбиқи сиёсатҳои миллии кишвар мо шуда метавонанд.Чуноне, ки муҳаққиқ Н. Раҳматуллоев андеша дорад: «Имрӯзҳо ҷаҳон тамоили ягона шуданро дорад. Равандҳои глобализатсияи иттилоотӣ, технологияи иттилоотӣ аслан ба анҷом расидаанд, ки инсониятро ба ягонагӣ дар ин қисмати рӯзгор пайванд месозанд.»2 Аммо расидан ба ягонагии ақида ваҳдати ормону андеша кори мушкил аст, ки бояд заминае дошта бошад.

Дар пайёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(20 апрели соли 2006) ташвишҳову мушкилотеро, ки иттилооти муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ ба сари миллати тоҷик меоварад аз ҷониби Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр гардидааст; « Сеюм: ҷаҳонишавӣ чун дар ҳама ҷо барои асолат ва ҳувияти милли, арзишҳои волои ахлоқию маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ эҷод намуд. Бо ин сабаб талоши мунтазам ва қотеъонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои домандорро тақозо намуд…»3

«Панҷум: Ҷаҳонишавӣ ба тавозуни беҳтари муносибатҳо ва суботи бештари низоми байналмиллалӣ мусоидат карда натавонист…»

Силсилаи тадбирҳои фарҳангие, ки Ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад зарур аст, ки барои нигоҳ доштани истеҳсолот, пули миллӣ ва дигар арзишҳои сиёсию фарҳангии худ чораҳои пешгири намудани онро бояд таҳия ва татбиқ намояд.

Усули идоракунии иттилоотӣ дар қарни ХХI дар қатори усулҳои анъанавии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маъмурии идоракунии давлатӣ усули асосӣ ва муҳимтарин маҳсуб меёбад.

Муҳаққиқ Ниёзов А.С. дар шароити кунунӣ омилҳои зерини сиёсати давлатии иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд менамояд:

- глобализатсияи иқтисодӣ, сиёсӣ, иттилоотӣ ва фарҳангию идеологӣ;

- рақобати шадиди геополитикӣ дар фазои иттилоотӣ;

- зиддиятҳо, агрессия (таҳоҷум), тасарруф, бархурдҳои иттилоотӣ.»4

Таъсири глобализатсия ва, алалхусус, ҷомеаи иттилоотӣ ба сиёсати иттилоотӣ ва ҷузъи таркибии он – амнияти иттилоотӣ хело муассир аст. Аз диди назарияи форматсияи ҷамъиятӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ предмети меҳнат - ин иттилоъ, воситаи меҳнат - технологияҳои иттилоотӣ аст.

Пас, системае, ки технологияҳои иттилоотии муосир дорад, қодир аст ин ҷомеаро созмон диҳад ва онро идора кунад.

Ҷаҳонӣ шудани давлатҳои хурд ногузир буда, тамоми мушкилоти дохилии он кишварҳо новобаста аз ҷойгиршавиашон, ин равандро барои худ касб менамоянд. Яке аз ин воқеаҳои хеле арзишманд ва таърихӣ барои нигоҳ доштани амнияти миллӣ, забон, тамомияти арзӣ, ва асолати динию нажодии хеш дар замони ҷаҳоншумулӣ шудан, ин дастёбӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, ки он дар таърихи сад соли тоҷикон беназир аст. Фарзандони миллати тоҷик дарёфтанд, ки тамоми таҳавулоти солҳои охири ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, дар хориҷ аз ҷумҳурӣ таҳрезӣ шуда ва оқибатҳои он ба нафъи кист ва моро ба куҷо мебаранд.

Чун мо дар зинаи сохтмони ҷомеаи навин қарор дорем, пас бояд дар қаъри дил ҷой додани мафҳумҳое ба монанди наҷоти миллӣ, забони миллӣ, фарҳанги миллӣ, иқтисоди миллӣ, асъори миллӣ, моли миллӣ, бозори миллӣ, кадрҳои миллӣ ва ғ. бикӯшем. Сатҳи саводнокӣ, ҷаҳонбинӣ, маданият( сиёсӣ , ҳуқуқӣ) ва рӯҳияи миллиро бояд боло бурд. Барои ин мо мардуми Тоҷикистонро лозим аст, ки аз фарҳангу маънавиёти гузашта сабақ омӯзем ва кулли мардумро дар роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ва эҳёи фарҳанги ориёӣ тарбия ва ҳидоят намоем, зеро эҳёи тафаккури миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддуни ориёӣ ва дар заминаи он эҳёи фарҳангу тамаддуни муосири миллати тоҷик воситаи муҳиму муассири худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ташаккули рушди ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро ба ваҳдату ягонагӣ ва шукуфоиву бунёдкорӣ хоҳад расонд. Фарҳангу маънавиёти гузаштаи мо, ки ба тамаддуни ҷаҳонӣ нақши боризе гузоштааст, метавонад дар замони навпоӣ ва истиқлолияти навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо он ҳама ҳикмату тадбирҳои созандааш, баҳри пешбурди ҳама соҳоти хоҷагии халқ ва ояндаи дурахшони кишвар саҳмгузор бошад.

Соҳаи иттилоот ва коммуникатсия дар тамоми ҷаҳон соҳае ба шумор меравад, ки барои тарақкиёт ва пешрафти тамоми соҳаҳои дигари иқтисодиёт нақши хеле муҳимро мебозад. Аз ин рӯ бояд фазои иттилоотии кишвар хеле васеъ гардад. Мувофиқи маълумотҳо имрӯз дар Тоҷикистон «44 шабакаҳои телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият мекунад, ки аз 28 шабакаҳои телевизионӣ 9 то давлатӣ ва 19 тои дигараш ғайридавлатӣ мебошанд. Ҳамзамон дар кишвар 211 рӯзнома( 76 ҳукуматӣ ва 135 хусусиву ҷамъиятӣ), 111 маҷалла ( 42 ҳукуматӣ ва 69 хусусиву ҷамъиятӣ) ва 7 оҷонсӣ (1 ҳукуматӣ ва 6 хусусию ҷамъиятӣ) ба қайд гирифта шудааст. Шумораи муштариёни алоқаи сайёр ба 5 миллион нафар ва истифодабарандагони Интернет ба 505 ҳазор нафар дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ расидаанд.»5 Мутаассифона, дар Тоҷикистон алҳол эҳсоси эътирофи сиёсати давлатии иттилоотӣ чун ҷузъи муҳимтарини сиёсати давлатӣ қавӣ нест ва аз ин сабаб вазъи ин самти муҳими сиёсати давлатӣ, алалхусус маҳаки он – амнияти иттилоотӣ ташвишовар аст. На танҳо ВАО-и давлатӣ, балки ВАО-и хусусӣ дар дарки сиёсати иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ таҷрибаи кофӣ надоранд. Дар аксар мавридҳо дар ВАО саросар иттилои аз сарчашмаҳои хориҷӣ тақлидкорона кӯчонида шуда пахш ва дар ҳар вақт такрор мегардад. Дар Тоҷикистон айни замон таваҷҷуҳ ба васоити техникии таъмини амнияти иттилоотӣ бештар аст.

Аз ин рӯ, вазифаи масъаулини сохторҳои давлатӣ аст, ки якҷоя бо ҳайати худ ба мардум, халқу миллати хеш фаҳмонад ва бо истифода аз тамоюли васоити ахбору тарғибот ташвиқ намоянд, ки истиқлолияти хешро аз даст надиҳанд, ҳама якдилу яктан ва дастҷамъона амал намоянд, то ба орзуи деринтизорашон дастрасӣ пайдо кунанд ва давлату истиқлолияти он абадиву ҷовидонӣ гардад.

 

Адабиёт

1. Саъдуллоев И. Равандҳои ҷаҳоншумулӣ ва идеяи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон./ Масъалаҳои ташаккули идеяи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе; Ирфон, 2007. – саҳ. 137.

2. Раҳматуллоев Н. Фарҳанг ва ваҳдати миллӣ дар фаъолияти сиёсӣ ва мадании Президенти Тоҷикистон. Ниг. Кит. Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. Душанбе; Дониш, 2007. Қисми 3. саҳ.304.

3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2006. – Душанбе: Шарқи озод, 2006.- С. 56..

4. Ниёзов А.С. «Амнияти иттилоотӣ ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Аз материалҳои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.13.02.2010.

5. Рӯзномаи «Минбари халқ», № 7(728).саҳ. 3. 18.02.2010 с.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj