• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ

ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

1.jpg - 113.39 KbДар таърихи 6-уми сентябри соли равон Қосимӣ Саъдӣ, муовини аввали ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони “Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлол, дастовард ва дурнамо”, ки бо ташаббуси раёсати Академияи миллии илмҳои кишвар ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Маърӯзаи муовини аввали ректори донишгоҳ дар мавзӯи “Дастовардҳои таҳсилоти олии касбӣ ва рушди он дар 30 соли истиқлоли давлатӣ” дар бахши ҳафтуми симпозиум, ки роҷеъ ба рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат буд, пешниҳоди аҳли толор гардонида шуд.

Ҳамзамон, дар бахши мазкури симпозиум гузоришу маърӯзаҳои доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Исрофил Бобоҷонзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор С. Иброҳимов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Меҳриддин Ғиёсӣ ва дигарон шунида шуда, мавзӯъ ва масоили матраҳшуда баҳсу баррасӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин симпозиуми бонуфузи илмӣ меҳмонон аз Фаронса, Англия, Афғонистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳои дуру наздик даъват гардида, табрикоту маърӯзаҳои худро ба самъи ҳозирин расониданд.

P.S.: Бо матни пурраи маърӯзаи муовини аввали ректори донишгоҳ Саъдӣ Қосимӣ метавонед дар сомонаи донишгоҳ (www.tgpu.tj ) шинос шавед.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj