• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ!

14.JPG - 117.42 KbИмрӯз, 06.09.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, Давлатҷон Ғаффурзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуд. Мавсуф доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда, иброз дошт, ки ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ифтихор аз он намояд, ки дар як ватани соҳибистиқлолу обод ва демокративу дунявӣ умр  ба сар мебарад. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ ба як қатор собиқадорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ  ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳо тақдим карда шуд. Илова бар ин, аз ҷониби  сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишгоҳ Давлатхон Назаров фармоишеро, ки ректори донишгоҳ оид ба ҳавасманд намудани устодону кормандон бо мукофотпулӣ ба имзо расонида буд,  қироат намуд.  Дар идомаи чорабинӣ дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардонид.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 

1.JPG - 193.95 Kb 2.JPG - 192.06 Kb 3.JPG - 182.76 Kb 4.JPG - 202.02 Kb 5.JPG - 196.30 Kb 6.JPG - 183.51 Kb 7.JPG - 208.69 Kb 8.JPG - 214.20 Kb 9.JPG - 123.91 Kb 11.JPG - 184.70 Kb 12.JPG - 213.69 Kb 13.JPG - 221.77 Kb

14.JPG - 117.42 Kb 15.JPG - 263.89 Kb 16.JPG - 209.58 Kb

17.JPG - 201.47 Kb 18.JPG - 123.17 Kb 19.JPG - 122.35 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj