• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БУРДИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ДОНИШҶӮИ

ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИИ “САФАРИ БУРДНОК”

5.JPG - 279.83 KbМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи  ”City Card“ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар шакли пурра ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии роҳкиро дар  нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бозии “Сафари бурднок”-ро  миёни шаҳрвандон ва сокинони пойтахт гузаронида буд ва ҳосили ҳамаи даврҳои ниҳоии он, ки дар зарфи чаҳор моҳ тӯл кашид, ҷамъбаст гардид. Қобили зикри хос аст, ки ғолиби озмуни он ба таври ғайричашмдошт донишҷӯи курси 3-юми факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ –Авезов Муллоназар интихоб гардид.

Имрӯз, 06.09.2021 дар толори бинои асосии донишгоҳ дар маросими тантанавӣ ғолиби бозии “Сафари бурднок” Авезов Муллоназар аз ҷониби муовини роҳбари лоиҳаи ”City Card“ –Зиёваддинов Садриддин  бо як эҳтироми хоса ва бо овардану дар саҳни донишгоҳ тақдим намудани бурди асосӣ, яъне автомашинаи сабукрави тамғаи “Hyundai Accent” табрику таҳният намуданд. Сарвари донишгоҳ Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода меҳмононро барои ташриф овардану пос доштани эҳтироми ғолиби бозӣ, ки донишҷӯи ҳамин боргоҳи таълимӣ мебошад, хушомадед гуфта, инчунин афзуд, ки ба шаффофияти чунин як амри воқеии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавон куллан эътимод намуд ва ба Авезов Муллоназар, ки ҳанӯз шаҳодатномаи ронандагӣ надорад, ваъдаи мусоидат намудан дар курси таълимӣ- ронандагиро дод.

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузори он:

 

1.JPG - 200.67 Kb 2.JPG - 217.43 Kb 3.JPG - 271.68 Kb 5.JPG - 279.83 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj