• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Оқибати нашъамандӣ марг аст!

Бо ибтикори Маркази дастгирии донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Нашъаманд, зарари маводи нашъаовар ба ҷавонон, таҳдид ба ояндаи ҷомеа» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он нозири калони шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар назди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Рӯзиев ширкат варзид. А.Муллоев, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, зимни суханони ифтитоҳӣ нашъамандиро вабои аср номида, ҷавононро ҳушдор дод, ки аз ин гуна маводи марговар худро канор гиранд.

Ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ба ташкилкунандагони ҳамоиш барои интихоби мавзӯи дардноки рӯз изҳори сипос кард. Ӯ зикр кард, ки нашъа ва нашъамандӣ яке аз масоили мубрами ҷомеа мебошад ва оқибати нашъаманд, бешак, марг аст. Боиси хушҳолист, ки вақтҳои охир ҷавонон хавфу хатари маводи нашъаоварро ба ҷони хеш бештар дарк намуда, мекӯшанд, ки ба доми ин вабо гирифтор нагарданд.
Дар идомаи ҷамъомад Фирдавс Рӯзиев низ паёмадҳои фоҷиабори «марги сафед»-ро хотирнишон намуда, аз донишҷӯён хост, ки на танҳо худро канор гиранд, балки дар тарѓиби ҳаёти солим миёни ҳамкурсону атрофиён саҳмгузор шаванд.
Дар поёни конференсия роҳбари Маркази дастгирии донишҷӯён Баҳодури Абдулло ҳадаф аз ташкили чунин чорабиниро тарбияи ҷавонон дар руҳияи солим ва ташвиқи бештари онҳо ба омӯзиши илмҳои дунявӣ арзёбӣ кард.

 

Б.Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj