• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Дар Афғонистон «Толибон»* (ин ҳаракат дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) бояд бо ҳама гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ  ва ва созмонҳои сиёсию ҷамъиятӣ робита барқарор кунанд. Дар ин бора 21 октябр Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Ҷаласаи солонаи XVIII Клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд.

 

Ба гуфтаи ӯ, «Толибон»* [ҳайати ҳукумате, ки аз ҷониби ҳаракат таъсис ёфтааст] ҳоло асосан аз гурӯҳҳои паштун иборат аст. «Аммо дар он ҷо тоҷикон ҳастанд, — гуфт Путин. — Ва аз рӯи ҳисобҳои гуногун аз 40 то 47 фоизро ташкил мекунанд. Бубинед, ин хеле зиёд аст».

«Баъдан, узбекҳо, ҳазораҳо ва дигарон низ ҳастанд. Бале, ман медонам, ҳоло ҳатто дар ҳайати роҳбарии [«Толибон»] ҳукумат намояндагони ин гурӯҳҳо ҳастанд, вале на дар нақшҳои калидӣ. Мардум иддао  доранд, ки дар низоми идоракунии кишвар ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Ва ин тавозун бояд пайдо гардад», — афзуд Президенти Русия.

Ба гуфтаи Путин, Русия барои дарёфти созишҳои қобили қабул, аз ҷумла бо назардошти ҳуқуқи занон манфиатдор аст.

«Мо бо ҳама неруҳои сиёсии Афғонистон дар тамос ҳастем ва бо ҳама робитаҳои нисбатан мӯътадил дорем. Аммо, мо хоҳони онем, ки созишҳои қобили қабул дарёфт карда шаванд ва масъалаҳое, ки дар назди кишвар истодаанд, танҳо бо ёрии аслиҳа, ки ахиран чунин буд, ҳал нашаванд, балки манфиатҳои занон ба инобат гирифта шаванд», -гуфт Путин.

Дар идомаи суханронӣ Путин зикр кард, ки манфиатҳои Русия дар он ифода меёбанд, ки Афғонистон дар ниҳоят аз ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ барояд ва мардуми он тавонанд худро дар доираи сарҳадҳои миллии худ дар амн эҳсос кунанд ва имконияти рушду шукуфоӣ дошта бошанд. «Мо бо ҳар роҳ барои расидан ба чунин ҳадаф саъй хоҳем кард»,- гуфт Президенти ФР.

Ҳамзамон Путин изҳор дошт, ки нақш ва аҳамияти Покистон дар ин вазъ на камтар аз нақш ва аҳамияти Русия ё Чин аст. «Мо ба рушди ҳамкорӣ манфиатдорем <…> ба он хотир, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда шавад»,- гуфт Президенти Русия.

_____________________________________

*»Толибон» — созмони террористӣт, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.

https://khovar.tj/2021/10/to-ikon-dar-af-oniston-ziyodand-dar-in-bora-prezidenti-rusiya-vladimir-putin-dar-alasai-klubi-bajnalmilalii-valdaj-iz-ori-nazar-namud/

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj