• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ  «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Нахуст, муовнини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонова баромад намуда, перомуни   аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва нуфузу мақоми ин озмуни шуҳратёр ибрози ақида кард. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат солҳои охир илму маърифат рушд намуда, миқдори ширкаткунандагони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар мегардад.

Сипас донишҷӯён аз рӯйи номинаҳои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон сабқат карданд. Ғолибони даври донишгоҳӣ дар даври ноҳиявӣ иштирок хоҳанд кард.

Суратгузориш аз рафти озмун:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj