• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА РИЁЗӢ

28 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муовини ркктор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва инноватсия Комрон Кудратов, сардори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии донишгоҳ Раъно Бобокалонова ва унвонҷӯёну докторантони донишгоҳ иштирок карданд.

Чорабиниро Акобир Мирзораҳимов оғоз карда, зимни суханрониаш қақд кард, ки такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон буда, ба омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Аз ин рӯст, ки солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудаанд.  Сипас, докторантон Зиёратшоҳи Ҷунайдулло оиди ҳолати кунунии прияхҳо ва таъсирашон ба минтақаҳои аҳолинишин, Бекбобо Абдусамадов оиди муборизаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд барои якпорчагии Афғонистон ва Алишер Мадалиев оиди хусусияти зидди оксидантии кавари хордори Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj