• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ОЗМУНИ “ЗАКОВАТИ АҚЛҲО” БАРГУЗОР ГАРДИД

6 майи соли 2022 ҷиҳати баланд бардоштани малакаи зеҳнӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавондухтарони лаёқатманд дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе озмун-виктаринаи зеҳнӣ таҳти унвони “Заковати ақлҳо” байни донишҷӯдухтарони фаъолу болаёқати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони лаёқаманд аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода иштирок намуданд.

Сараввал сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Ҳабибулло сухан ронда, ҳадафи баргузории озмун ва шартҳои онро ба ҳозирин шарҳ дод. Муовини сардори ҳамин раёсат Мавлуда Шарифова дар мавзӯи “Мактаби тарбияи кадрҳои роҳбарикунанда-мактаби камолоти иҷтимоӣ” маърӯза кард. Сипас озмун аз рӯи чор шарт, яъне ироаи маърӯза дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии марбут ба дастгирии занону духтарон, ҳозирҷавобӣ, қироати шеър, намоиши либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараён ёфт. Дар фарҷом аз тарафи аъзои ҳакамон ғолибон муайян карда шуда, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Боиси зикр ва ифтихор аст, ки дар ин озмун донишҷӯи донишгоҳ Акирова Ш. сазовори ҷои дуюм гашт.

Суратгузориш аз рафти озмун:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj