• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

4 майи соли 2022 се нафар донишҷӯ ва як нафар магистри факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии устоди факултет Маъруф Ҷумаев дар олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни химия, ки аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Ҷумҳурии Туркманистон ба номи Яхшигелди Какаев ташкил шудааст, иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур дар шакли фардӣ аз рӯи ду категория гузаронида мешавад. Категорияи якум барои донишҷӯёне мебошад, ки фанни химияро меомӯзанд, ва категорияи дуюм барои онҳое аст, ки фанни химияро намеомӯзанд.  Аз рӯи категорияи якум ширкат варзида, дар натиҷа се нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Магистри соли якум Нигора Ноибова сазовори ҷойи аввал, дониҷӯи курси панҷум Достон Каримов сазовори ҷойи дуввум ва донишҷӯи курси дуввум Меҳрона Коркунова сазовори ҷойи саввум шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаи мазкур 142 нафар аз зиёда аз 15 кишвари дунё ба монанди Россия, Хитой, Англия, Малайзия, Корея, Венгрия, Руминия, Белорусия, Қазоқистон ва ғайра ширкат карданд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj