• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ”

13 майи соли 2022 бо ибтикори бахши кор бо занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори шурои олимони донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Оилаи солим-ҷомеаи солим” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Лайло Шарипова, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сабоҳат Амонова, мутахассиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Моҳпарӣ Мародбекова, мудири бахши кор бо занони донишгоҳ Басгул Туманова, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов ва сармутахассиси қисми тартияи донишгоҳ Ҳусейн Ҳасанов иштирок ва суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки оила ниҳоди муқаддасе мебошад, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ – муҳаббату садоқат, самимият, вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад, ки ин арзишҳо омилҳои асосии оилаи солим маҳсуб шуда, бояд дар ҳар як оила ҳукмфармо бошанд.

Суратгузориш аз рафти мизи мудаввар:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj