• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ДУШАНБЕ, 18.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари суқут кардани чархболи низомиро дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ рад кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар медиҳад.

 

«Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн гардидани хабарҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вобаста ба амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ВМКБ, ки гӯё зимни он як чархболи низомии Тоҷикистон дар Рӯшон суқут кардааст, изҳор медорад, ки ин маълумот ягон асоси воқеӣ надорад», — омадааст дар изҳороти вазорат.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар расонаҳои хабарӣ дар бораи гӯё дар Рӯшон суқут кардани чархболи низомии Тоҷикистон хабар интишор шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj