• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

ВЕБИНАРИ НАВБАТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ узви вобастаи Шурои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва (ДДОМ) – ташкилоти базавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омода намудани кадрҳои педагогӣ мебошад, ки ба ҳайати он донишгоҳҳои пешқадами омӯзгории ИДМ шомиланд. Дар доираи фаъолияташ Маркази рушди таҳсилоти муттасил ва педагогикаи ҷаҳони ДДОТ ба номи С. Айнӣ  ҳармоҳа дар вебинарҳои Маркази байналмилалии таҳсилоти омӯзгории Шурои ҷамъиятии ДДОМ ширкат меварзад. Вебинари навбати санаи 19.05.2022 баргузор гардид.

Дар вебинари мазкур 15 муассисаи таълимии 12 кишвар ширкат варзида, масъалаҳои нашрияҳои илмии муассисаҳо, муаррифии дастовардҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ярослав ба номи К.Д. Ушинский ва ташкили наҳрияи шабакавии “Масъалаҳои таҳсилоти рақамӣ”-ро баррасӣ намуданд. Баррасии масъалаҳои ҳамкориҳо миёни донишгоҳҳои шарик низ дар ин вебинар беканор намонданд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj