• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ

Шоми 21 майи соли 2022 дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ аз ҷониби ансамбли “Чеҳранамо”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи зебои консертӣ баргузор карда шуд. Чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Амир Иброҳимзода ва ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, барои баргузории барномаи зебои консертӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба Раёсати донишгоҳ “Сипоснома” тақдим гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

 

Суратгузориш аз рафти чорабинӣ:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj