• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР СИМПОЗИУМИ ОНЛАЙНИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

26 майи соли 2022 "Симпозиуми онлайнии Осиёи Марказӣ - Семинар оид ба тасдиқи консепсияи ҳисоботи минтақавӣ доир ба сиёсати муносибат ба омӯзгорон" баргузор гардид, ки дар он омўзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд. Семинари мазкур дуюмин дар силсилаи семинарҳои муштаракест, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ таҳти унвони «Омӯзгорони соҳибихтисос - Миллати соҳибихтисос» ташкил карда мешавад. ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маорифи Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҷалби коршиносонӣ хориҷӣ ва мушовирони маҳалӣ сохтори ҳисоботи минтақавиро доир ба сиёсати нисбати омӯзгорон дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ намуданд.

Маводҳои семинари мазкурро бо забонҳои русӣ ва англисӣ метавонед тавассути истинодҳои мазкур дастрас намоед:

 

СОМОНАИ ЮНЕСКО

Google Drive

Суратгузориш аз рафти симпозиум:

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj