• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

2 июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба рафти баргузор намудани аттестатсияи аспирантону унвонҷӯён, оиди натиҷагирии даври фаъоли сессияи тобистонаи донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ, оиди вазъи иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар факултетҳои равияи илмҳои педагогӣ ва доир ба вазъи иҷрои нақшаи кории қисми тарбия дар асоси консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Оиди масъалаҳои болозикр баромади мудири шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмиву педагогӣ Раъно Бобокалонова, сардори Раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, муовини ректор оид ба тарбия Ҷамила Мусоҷонзода ва гузориши гурӯҳи корӣ шунида шуд. Сипас, дар масъалаҳои ҷорӣ якчанд пешниҳодҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Суратгузориш аз рафти ҷаласа:

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj