• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТРО БОЯД РИОЯ КУНАНД!

Субҳи  имрӯз, 14-уми июни соли 2022 бо мақсади назорати вазъи интизоми кории масъулин ва кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати бевоситаи ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳи донишгоҳ рейди махсуси назоратӣ баргузор гардид.

Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки шумораи зиёди омўзгорону кормандон ва ҳатто, зумрае аз мудирони кафедраҳою роҳбарони сохторҳо дар вақти муқарраргардида ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Бемасъулиятии кормандони баъзе аз сохторҳо то дараҷаест, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба кор дер меомаданд.  Вақте, ки иддае аз кормандон низоми меҳнатро риоя намекунанд, пас, аз донишҷўён чиро метавон интизор шуд ва ё тақозо кард?

Баъзе аз кормандон ё масъулини ин ё он бахш баҳона пеш меоранд, ки гӯё «Нақлиёт нест ва ё дар тамба мондаанд». Масофаи роҳи миёни бозори «Саховат» то донишгоҳро ба ҳисоб гирем, ду канори шаҳр аст, аммо баъзе кормандони иқоматкунандаи ин маҳал ба кор ҳозир мешаванд. Пас, чаро дигарон не?

Маврид ба зикр аст, ки кормандон ё масъулини баъзе аз сохторҳои донишгоҳ намедонанд, ки бояд  субҳи барвақт дар ҷои кор ҳозир шуда, раванди ҳозиршавӣ, одобу ахлоқ ва сару либоси донишҷўёнро назорат намояд, аммо худашон интизоми меҳнатро вайрон мекунанд. Ва ба гуфтаи баъзеи дигар аз кормандон гўё дар “беморхона” ё ин ки “бемор” шуда бошад, ба кор дер мондааст.

Чун роҳбарияти донишгоҳ, хосса, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, ки ҳолати мазкурро пурра назорат менамуд, дастур дод, ки камбудиҳоро ошкоро бинависему дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бартараф намоем.

Суратгузориш аз рафти рейд:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj