• Tajik
  • Russian
  • English
Эълон
There are no translations available.

ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” барои ишғоли вазифаҳои холии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент дар кафедраҳои дахлдори донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои зерин озмун эълон менамояд.

- математика (доктори илм, профессор - 2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент - 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

- биология (доктори илм, профессор - 2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент – 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

- физика (доктори илм, профессор - 2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент - 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

- химия (доктори илм, профессор - 2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент - 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

- технология ва соҳибкорӣ (доктори илм, профессор - 2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент - 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

- иқтисодиёт (доктори илм, профессор -2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент - 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

- филология, самти забонҳои хориҷӣ “забонҳои романӣ-германӣ” (доктори илм, профессор - 2 ҷой, маоши вазифавӣ 4285 сомонӣ ва номзади илм, дотсент - 3 ҷой, маоши вазифавӣ 3059 сомонӣ).

Музди маош барои як воҳиди корӣ муқаррар шудааст.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи ректори донишгоҳ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва такмили ихтисос;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

- нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои нафароне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- 4 дона акси андозаи 3х4;

- маълумотнома (объективка бо акси ранга);

- маълумотнома оид ба доғи судӣ;

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони вазифаҳои доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки самаранокии вазифаи ишғолшавандаро таъмин менамояд;

- 5 сол собиқаи омӯзгорӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- дониш ва маҳорати хуби педагогӣ, идоракунӣ, таъмини раванди таълим;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ташкили дарс.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба озмун то санаи 1-уми августи соли 2022.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе,   хиёбони Рӯдакӣ 121 , шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус (ошёнаи якуми бинои асосии донишгоҳ) Тел: +992 (37) 224-18-01

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj