• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

МУРОҶИАТ ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ МЕШАВАД

Имрӯз ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандону донишҷӯён дар толори Шӯрои олимон шаҳрвандонро қабул кард.

Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо муроҷиаткунандагон таъкид намуд, ки мақсад аз баргузор намудани рӯзҳои қабул ин дар доираи қонун баррасӣ ва тибқи тартиботи қонунгузории соҳаи маориф кӯмак намудан ба муроҷиаткунандагон мебошад.

Дар рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишгоҳ зиёда аз 25 нафар  муроҷиаткунандагон бо масъалаҳои мухталиф пазируфта шуд. Ректори донишгоҳ пас аз шунидани муроҷиатҳо ба масъулини сохторҳои марбут ба муроҷиати шаҳрвандон барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда дар доираи тартиботи қонунгузорӣ супоришҳои мушаххас дод.

Суратгузориш аз рафти қабули шаҳрвандон:

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj