• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУН

16-уми июни соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид. Нахуст, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид баромад намуда, қайд кард, ки озмуни мазкур аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳиву хушдшиносӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба роҳ монда шудааст.

Сипас ғолибони ин даври озмун бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин даври озмун 9 нафар устод ва 21 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи панҷ номинатсия ширкат варзида, аз миёни онҳо 6 нафар сазовори ҷойи якум, 6 нафар,  сазовори ҷойи дуюм ва 1 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон 6 нафар барои иштироки фаъол бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раёсат, Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва Иттифоқи касабаи донишҷӯёни  донишгоҳ устодону донишҷӯёни ғолибомадаро табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар даврҳои минбаъдаи озмун барору комёбӣ ва музаффариятҳоро таманно менамоянд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj