• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

РЕКТОР: ДОНИШҶӮЁНИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД

Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо донишҷӯёне, ки дар даври ҷамъбастии озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, донишгоҳро муаррифӣ менамоянд, мулоқоти самимона анҷом дод.

Маврид ба зикр аст, ки дар даври ҷамъбастии озмуни мазкур аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 14 нафар донишҷӯ аз рӯи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, сиёсатшиносӣ, педагогикаи умумӣ, назарияи иқтисодӣ, математика, физика, химия, информатика, биология-экология ва географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографӣ, ки санаҳои 17-18 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор мегардад, ширкат менамоянд.  Зимни мулоқот Аҳлиддин Ибодуллозода ба иштирокдорони озмуни мазкур изҳор дошт, ки ҳар нафаре мақоми ифтихориро соҳиб шавад, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳамроҳи роҳбараш бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ карда мешавад.

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj