• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ СИТОД: МАСЪУЛИН, ШАФФОФИЯТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНРО ВАЙРОН НАКУНЕД!

Аҳлиддин Ибодуллозода зимни баргузории ҷаласаи ситоди назди ректори донишгоҳ дар толори Шӯрои олимон ба омӯзгорон, деканон, муовинони декан ва коргузорону методистон дастур дод, ки назоратро дар самти раванди таълим пурзур намуда, шаффофияти баргузории имтиҳонот, аз ҷумла имтиҳони шакли таҳсили фосилавиро таъмин намоянд.

Сарвари таълимгоҳ зимни ҷаласаи ситод аз мушкилоти соҳаҳои мазкури самти таълим, аз ҷумла,  таҳсилоти фосилавӣ, таҳлилу баррасии раванди имтиҳонот, назорати қатъии донишҷӯёне, ки дар дарсҳо ҳозир нашудаанд, махсусан донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ ва донишҷӯёне, ки то ҳол ҳаққи шартномаи таҳсилро пардохт накардаанд ва донишҷӯёне, ки дар дарсҳо ширкат надоштанду то ҳол аз донишгоҳ хориҷ нашудаанд, масъулинро мавриди интиқод қарор дод.

 

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки омӯзгорон ва коргузорону методистон ба ҳар роҳу восита барои дастгирии донишҷӯёне, ки ба машғулиятҳои таълимӣ ҳозир нашуда, раванди таълимро халалдор намудаанд ва ё  дониши кофӣ надошта, наметавонанд мустақилона холи зарурии имтиҳонро ба даст оваранд, дахолат накунанд. Илова бар ин, қариб ҳамаи аризаҳои муроҷиатии шаҳрвандон бо як хат навишта шудааст.

Зимнан Аҳлиддин Ибодуллозода ба мудири шуъбаи умумӣ дастур дод, ки омӯзгорон ва ё методистоне, ки бо аризаҳои донишҷӯён муроҷиат мекунанд, қабул карда нашавад.

Вобаста ба маъалаҳои мазкур, хусусан ҷараёни баргузории санҷишу имтиҳонҳои сесcияи навбатии шуъбаи фосилавии донишгоҳ ситод ҳамарӯза бо иштироки ректори донишгоҳ баргузор карда мешавад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj