• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАСТГИРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДА ВА РОҲБАРОНИ ОНҲО

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ роҳбарон ва донишҷӯёне, ки дар даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ба туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ барои ғолибони ҷойи 1-ум 4 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбаронашон 5 ҳазор сомонӣ, барои ғолибони ҷойҳои 2-юм 2 ҳазор сомонӣ ва ба роҳбаронашон 3 ҳазор сомонӣ ва барои ғолибони ҷойи 3-юм 1500 сомонӣ ва ба роҳбараш 2500 сомонӣ тақдим намуд.

Дар сабқати ҷумҳуриявӣ, ки 38 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат намуданд, дар бахши фанҳои табиатшиносию риёзӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҷумҳурӣ ба мақоми 2-юм сазовор дониста шуд.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj