• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ҶУЗЪИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ АСТ

Яке аз муҳимтарин вазифаҳое, ки дар назди тамоми донишгоҳои кишвар меистад, муқаррар намудани таносуби оқилона байни фаъолияти таълимӣ ва илмии омӯзгорон мебошад. Мутаассифона дар баъзе мавридҳо ҳангоми баҳо додан ба фаъолияти касбии омӯзгор ба фаъолияти илмии ӯ кам таваҷуҳ карда мешавад. Касб ва обруи омӯзгори донишгоҳ ба натиҷаи кори таълимии ӯ вобаста карда мешавад ва аксари омӯзгорон дар ҷараёни таълим ғутта зада, аз пешбурди тадқиқоти илмӣ дур мешаванд.  Омӯзиши фаъолияти таълимӣ ва илмии омӯзгорон гувоҳи он аст, ки 3 навъи омӯзгорон мавҷуд мебошанд: - муҳаққиқи барҷаста, вале омӯзгори нотавон; - омӯзгори беҳтарин, вале муҳаққиқи ноком; - муҳаққиқи барҷаста ва омӯзгори барҷаста. Яъне омӯзгори барҷастаи донишгоҳ (омӯзгори намунавӣ) нафаре мебошад, ки фаъолияти таълимӣ ва илмии ӯ дар ҳамбастагӣ баамал бароварда мешавад. Дар асоси моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” 19 майи соли 2009, № 531 кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадор аст самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд. Дар баробари ин дар асоси Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2017, №7/36 тасдиқ карда шудааст, ҳаҷми сарбории умумии омӯзгорони кафедраҳо тибқи қонунгузории амалкунанда бо назардошти сарфи воқеии вақт, ки дар шакли бақайдгирӣ дар табели корӣ назорат карда мешавад, дар як соли таҳсил (44 ҳафта, ба истиснои 8 ҳафтаи рухсатии меҳнатӣ) ба таври умумӣ, новобаста аз вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ барои 1,0 воҳиди корӣ 64 кредит (1536 соат) муқаррар карда мешавад, ки иҷрои корҳои зеринро дар бар мегирад: - машғулиятҳои аудиторӣ (хондани лексия, гузаронидани дарсҳои лабораторӣ, амалӣ, семинарӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор) – 16 кредит (25%); - машғулиятҳои ғайриаудиторӣ (қабули рейтингҳои академӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, гузаронидани мусоҳибаҳо, роҳбарии кор ва лоиҳаҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалавр, рисолаҳои дипломии мутахассис, рисолаҳои илмии магистрҳо, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) ва аъзои комиссияҳои аттестатсияи хатм) – 7 кредит (11%); - корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор берун аз ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ (пешниҳод ва тасдиқи мавзуъҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, назорати вазъи иҷрои корҳои мустақилона аз ҷониби донишҷӯён, қабул ва баҳодиҳӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён – 10 кредит (16%); - корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ – 31 кредит (48%). Реҷаи кории кормандони асосии кафедраҳо бо назардошти иҷрои корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 35 соат муайян карда мешавад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” 18 марти соли 2015, № 1197 корҳои илмию таҳқиқотӣ - корҳои вобаста бо ҷустуҷӯи илмӣ, анҷом додани таҳқиқот, озмоишҳо бо мақсади афзун намудани дониши мавҷуда ва андӯхтани дониши нав, санҷиши фарзияҳои илмӣ, муқаррар намудани қонунияти рушди табиат ва ҷомеа, ҷамъбасти илмӣ, асосноккунии илмии лоиҳаҳо аст. Корманди илмӣ (муҳаққиқ) - шахси воқеие, ки дар ташкилоти илмӣ, муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ё воҳиди сохтории ташкилоти илмӣ кор карда, дорои таҳсилоти олии касбӣ мебошад, натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро ба даст меорад ва татбиқ менамояд. Фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ - фаъолияте, ки барои ба даст овардан ва татбиқ намудани дониши нав дар ҳама соҳаҳои илму техника ва истеҳсолот барои ҳалли масъалаҳои технологӣ, конструкторӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, таъмини фаъолияти илм, техника ва истеҳсолот ҳамчун низоми ягона, аз ҷумла таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ бо мақсади анҷом додани чунин таҳқиқот равона гардидааст.

Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣҳуҷҷате, ки маълумот оид ба татбиқи кори илмию техникӣ, таҳқиқоти илмӣ, илмию техникӣ, таҷрибавию конструкторӣ, маркетингӣ, аз ҷумла иттилоот дар бораи мувофиқи мақсад будани иҷрои минбаъдаи корҳои банақшагирифта ё оид ба натиҷаи лоиҳаву барномаи илмӣ ва илмию техникии анҷомдодашударо дар бар мегирад. Дар асоси илова ба ҷадвали 3-и Тавзеҳномаи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми дуюми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шакли иҷро намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ пешбинӣ гардида, ҳаҷми иҷро намудани онҳо барои 1,0 воҳиди корӣ аз моҳи сентябр то июн дар як соли таҳсил 31 кредит (ё 744 соат)-ро ташкил медиҳад. Масалан дар номгӯи корҳои таълимӣ-методӣ ва ташкилӣ-методӣ (200-250 соат) таҳияи китоби дарсӣ бо тавсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ пешбинӣ гардидааст, ки барои 1 ҷузъи чопӣ 40 соат ва ё дар номгӯи корҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва варзишӣ (300-450 соат) барои нашри монографияи илмӣ барои 1 ҷузъи чопӣ 60 соат, барои 1 мақолаи илмии дар нашрияи КОА ҶТ ва ФР чопшуда 100 соат муқаррар шудааст.

Дар асоси Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №2/21 тасдиқ шудааст, ассистент, муаллими калон, дотсент ва профессор вазифадоранд дар раванди фаъолияти худ мақолаҳои илмӣ, маърӯзаҳо дар кафедра ва конференсияҳо, матнҳои лексия (ёддошт-конспект), маҷмӯа барои дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ, нашрҳои видеоӣ, лексияҳои телевизионӣ, дигар маводи таълимию методӣ, аз ҷумла, маводи методӣ доир ба иҷрои корҳои курсӣ ва рисолаи хатм таълиф ва таҳия менамояд. Ҳамин тариқ, омӯзгор пайваста ба ҳолатҳое дучор мешавад, ки истифодаи тафаккури мантиқӣ, қобилияти таҳлил ва ҷамъбаст кардан, такя кардан ба методологияи илмӣ зарур аст, ки барои фаъолияти тадқиқотӣ ҳатмӣ мебошанд. Агар омӯзгор кори фаъолонаи илмӣ набарад, вай танҳо аз он сабаб, ки мушкилотро намебинад, шубҳаю норавшаниро набинад, дар сатҳи талаботи замон бомуваффақият таълим дода наметавонад.

Омӯзгори донишгоҳ бояд дар истеҳсоли донишҳои нави илмӣ ширкат варзад, то онҳо ба донишҷӯён. магистрон на ҳамчун маҳсулоти тайёр, балки дар динамика, дар раванди ташаккулёбӣ пешниҳод карда шаванд. Фаъолияти илмиии самараноки омӯзгор омили ташаккули фаъолияти таълимии ӯ мегардад.

Сангинзод Дониёр Шомаҳмад, муовини ректор оид ба корҳои илмии ДДОТ ба номи С.Айнӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj