• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

30-юми августи соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раисии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод нахустин ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методии соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур  нақшаи кори Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ ва ҳайати он,  нақшаи кори Шӯрои илмӣ-методии факултетҳо барои соли нави таҳсил ва масоили марбут ба тасдиқи барномаҳои таълимӣ, матни лексия, силлабус, слайдҳо, комплексҳои таълимию методӣ аз тарафи Шӯро мавридӣ баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор  қабул карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи раиси Шӯро пешниҳод карда шуд, ки дар назди кафедраҳои умумидонишгоҳӣ Комиссияи методӣ таъсис дода шавад, то фаъолияти онҳо дар самти мазкур самараноктар гардад.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj