• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Обявление
There are no translations available.

Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон  ба номи С. Айнї дар заминаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷик рӯзи 23-юми декабри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методиро дар мавзуи «Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълими забон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» баргузор менамояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

1. Асосҳои назариявии методикаи муносибати босалоҳият ба таълим;

2. Ҷанбаҳои методии шеваи муносибати босалоҳият ба таълим;

3.  Асосҳои методӣ ва амалии тадбиқи муносибати босалоҳият дар таълими забон;

5.Принсипҳои асосии муносибати босалоҳият дар таълими забон;

6. Саҳми донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар таҳқиқ ва омӯзиши масъалаҳои муносибати босалоҳият ба таълим;

7. Мушкилоти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва роҳҳои ҳалли он.

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 15-уми декабри соли 2022 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакї, 121, факултети филологияи тољики  ДДОТ ба номи С. Айнӣ.

Тел: (+992) 904216494; (+992) 933670999. E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Шакли пдф

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj